![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200810_112739.jpg?itok=8mSaSPEj)
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули "хона ба хона" дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда 120 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.