БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИС МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Маҷлиси ѓайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш таҳти раисии Одилҷон Маҳмадов раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 баргузор шуда, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Зоҳидзода Фариштамоҳ, вакилони  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Дар маҷлис аз 33 нафар узви кумитаи иҷроия 31 нафар иштирок доштанд ва дар он 4 масъала, ҳисоботи  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар барои вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ва гўруҳи вакили ҳизбӣ дар давраи маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таъмини иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ»,  даъвати Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  ва баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ   мавриди барасси қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  баромад намуда, қайд кард, ки санаи 6-уми августи соли равон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Анҷумани 14-уми ҲХДТ моҳи сентябри соли 2020 даъват карда шуда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид дод. Сипас, дар навбати худ чанде аз шахсони масъул дар бораи масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён дошта, баромади  Маҳмадов Одилҷонро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg