БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДЕҲАҲОИ НОҲИЯ ҲУСНИ ХУДРО ДИГАР МЕКУНАНД

АНДЕША. Дар чанд соли охир дар натиҷаи ривоҷи корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ симои маркази ноҳияи Ховалинг- шаҳраки Ховалинг ва деҳоти он ба куллӣ тағйир ёфта, ба худ симои нав,  симои зебо гирифтанд. Махсусан дар солҳои омодагӣ ба ҷашни пуршукӯҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия сохта ба истифода додани бештар аз 330 иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, даҳҳо биноҳои хуштарҳу  замонавии хидматрасонӣ ба мисли меҳмонхона, мағоза, кошонаи ҳусн, беморхона, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Буёнди  майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки имрӯз ба боғи фароғатӣ табдил ёфтааст, ба бинанда руҳу илҳоми тоза мебахшад. Дар ҳамаи ин ободкориҳо саҳми соҳибкорон ва дигар ҳамватанон хеле калон аст. Бо қувваи онҳо имрӯзҳо дар деҳаҳои ноҳия низ корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Мисоли ин гуфтаҳоро дар деҳаҳои Токаку Даҳани шол, Мазори Султон,  Боғча ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия мушоҳида намудан мумкин аст. Бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, соҳибкори муваффақ Абдулло Ҳасанов роҳи деҳаи боғча сангфарш ва дохили роҳҳои деҳа чароғон карда шуданд. Чунин амали нек аз ҷониби  аъзои ҲХДТ дар деҳаи Токаку Даҳани шол ба анҷом расонида шуд. Дар пайравӣ аз  сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳаҳои Зардакии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ва Ҷомбахти  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019  -2021 азм доранд, ки  роҳи асосии деҳаҳоро мумфарш намоянд.                                                                                                                                                                           

Насиба Ҳотамова, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg