Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати ободу зебо гардонидани маркази шаҳрак хурду бузурги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як дили гарму самимият аз Ватану ватандорӣ ба кӯчаву роҳравҳо баромада, баҳри ободу хуррамгардонӣ камари ҳиммат бастаанд.
Дар қатори сокинон ва кормандони касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб низ баҳри тозаву озода ва зебо гардонидани як гӯшаи диёр ва сазовор истиқбол аз ҷашнҳои миллӣ, алалхусус рӯзи Истиқлолияти давлатӣ саҳми хеш гузошта истодаанд.