ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир гардид. Дар рафти мулоқоту суҳбатҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, фаъолгардонии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда, иштирокдоронро дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.