А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва омодагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия ба соли нави таҳсил шинос гардида, бо роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони ин муассисаи таълимӣ мулоқот доир намуданд.
Намояндагон дар рафти мулоқот бо кормандони муассисаи таълимӣ оид ба масъалаҳои ободонию бунёдкорӣ, ба роҳ мондани корҳои безарраргардонӣ дар роҳраву синфхонаҳо ва атрофи муассисаи таълимӣ суҳбатҳо гузаронида, барои риояи қоидаҳои санитарӣ ва дар оғози соли нави таҳсил ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонандагон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз сироятёбии пандемияи “covid - 19” ва риояи гигиенаи шахсӣ аз ҷониби ҳар як хонанда тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.