А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, дар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармими манзили истиқоматии як нафар фаъолзани собиқадори ҳизб ва собиқадори соҳаи маориф ёрии амалӣ расонанд.
Бо ин мақсад дар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии хонаи истиқоматӣ ва иншооти хоҷагии зани собиқадори меҳнат ҷавонмардона ва ватандӯстона анҷом дода шуда, соҳибхона иқдоми неки ҳизбиёнро шоистаи таҳсин хонда, миннатдории хешро баён дошт.
Волонтёрон кумаку дастгирии ниёзмандонро рисолати инсонӣ ва амали хайру савоб дониста, доимо ба шахсони ниёзманд, пирони кор ва шахсони яккаву танҳо дареғ надошта, аз онҳо дуои хайр мегиранд.