БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒОТ БАҲРИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ СИРОЯТЁБИИ “COVID-19”

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо пандемияи   “Covid-19” дар кӯчаю хиёбон ва бозорҳои ноҳия бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Намояндагон тавассути баландгӯяк бо мардум суҳбатҳо гузаронида, онҳоро барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ва дар вақти гаштугузор риояи масофаи иҷтимоӣ даъват намуданд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба мардум фаҳмонида шуд, ки баҳри беҳдошти саломатии худ ва аҳли оилаи худ беаҳамиятӣ зоҳир накунанд, ба тавсияи табибон ва маслиҳатҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ амал кунанд. Барои беҳдошти  ҳолати санитарии маҳалли зист ва кӯчаю маҳаллаи худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, пешгирии бемории сироятии коронавирусро аз табобати он хубтару осонтар арзёбӣ карданд.

Дар раванди мулоқотҳо ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ ва маҳлулҳои антисептикие, ки бо ташаббуси роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони маҳаллии халқи ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ дастрас гардида буд, ба сокинон тақсим карда дода шуд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg