А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули “хона ба хона” бо мардум мулоқотҳо доир намуда, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро дар самти баланд бардоштани вазъи иҷтимоии мардум ва ноил гардидан ба зиндагии шоиста расонида, барои пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус тавсияву маслиҳатҳо доданд.
Дар раванди мулоқоту вохӯриҳо ҳизбиён бо сокинон дар бораи самаранок истифода бурдани заминҳо, таъмини оилаи худ бо меваю сабзавоти хушсифат ва тариқи консервакунонӣ захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон тавсияҳо дода, аз кору зиндагии сокинон аз наздик шинос гардиданд.