БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАҲАЛ

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, рафти коргузорӣ, муқоисакунонии аъзои ҲХДТ, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.

Зимни маҷлис масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, аз ҷумла пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъат бахшидани корҳои ташкилӣ вобаста ба зиёд намудани аъзои ҳизб муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки маракаи обунашавиро ба ҳафтаномаҳои ҳизбӣ аз рӯи масъулияти шаҳрвандӣ роҳандозӣ созанд. Ҳамчунин дар рафти суҳбат масъулин иброз доштанд, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ дар Маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд. Иштирок дар интихобот бошад ихтиёрист ва ҳар нафар як овоз дорад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, новобаста аз ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк дар интихобот ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg