ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш” доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои вобасташуда корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки бо дастгирии аъзо ва чонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аксарияти синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 таъмир шуда истодаанд. Ҳамзамон бо дастгирии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва бо иқдоми як қатор аъзое, ки фарзандонашон айни замон мар муассиса таҳсил доранд масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили рангҳои гуногун барои рангу бори муассисаи номбурда тақдим карда шуд. Дар охир бошад ба иштирокчиён муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятӣ дастрас карда шуд.