БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ҲАР ЯК СОКИНИ КИШВАР БОЯД МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД ДОШТА БОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои  фаҳмонидани хатари  бемории   коронавирус ба  мардум  намояндагони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  деҳаи  Навободи  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  усули  «хона  ба хона»  вохӯрию суҳбатҳо    баргузор  намуда, сокинонро  даъват, карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар оилаҳояшон нигоҳ  доранд  ва барои  иҷрои пешгирии  беморӣ ба онҳо варақаҳои  тавсиявиро тақсим намуданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин вобаста ба истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ,  заминҳои президентӣ  ва  хоҷагиҳои  деҳқонӣ ба хотири ба роҳ мондани  кишти  такрорӣ  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзиро    андешаронӣ  намуда,  даъват карданд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар  саҳм гузоранд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg