Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сари вақт таъмиру ба соли нави хониш тайёр намудани муассисаҳои таълимӣ, корҳои ободонию созандагиро ҳаматарафа ба роҳ монда, дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» бо ҷалби соҳибкорон, падару модарон таъмиру тармими муассисаҳои таълимии ноҳия саҳм гузошта истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроия бо ҷалби волонтёрон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор намуда, синфхонаҳои муассисаро аз таъмир бароварданд. Дар таъмири муассиса саҳми падару модарон низ хеле назаррас мебошад.