ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба сокинони кӯчаи ба номи Шариф командири Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” суҳбат намуданд.
Дар суҳбат талаботҳои беҳдоштӣ ва роҳҳои асоси пешгирии ин беморӣ фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки ҳама новобаста аз он ки солим аст, бояд талаботҳои беҳдоштии шахсиро қатъӣ риоя намоянд. Зеро хунукназарӣ боиси сироятёбӣ шуданаш мумкин аст. Дар суҳбатҳои доирнамуда 87 нафар истиқоматкунандагони кӯча фаъолона иштирок намуда, дар бораи ҳифзи саломатии худу дигарон маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.