БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ -ҳимоятгари арзишҳои миллию фарҳанги миллат

ПАНҶ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо ҷиҳати иҷрои иқдоми созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Сари Сели  ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо сокинон ва фаъолони деҳа  вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, Шомаҳмадзода Музаффар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва пешгирии  гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро ва илова бар ин дар бораи мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, ки вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад, суханронӣ намуда, афзуд, ки ҳастанд бемориҳое, ки усули самарабахши муолиҷа ва пешгирии махсуси онҳо вуҷуд надорад.

Бинобар ин, дар ҳолати аз ангезандаи бемориҳои сироятӣ инсон  сироят ёфта, дучори марг мегардад.

Баъдан мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроя  Холов Диловар  зимни суханронӣ иқдоми пешниҳоднамудаи Пешвои миллат нисбати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки  барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат  менамояд, сухан ронда, аз иштирокдорон ҷиҳати пешгирӣ аз майл ба фарҳангӣ бегона ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгонам даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg