БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КАСЕРО БАҲРИ КОРЕ СОХТААНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Ховалинг ҳунармандони  гулдаст хеле зиёданд, ки онҳоро бо ҳунари нотакрорашон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Дар қатори онҳо занони ҳунарманде ҳастанд, ки мактаби ҳунарии худро ба рӯи дӯстдорони ин ҳунари волои аҷдодӣ боз намудаанд. Яке аз он чеварони шинохта, ки маҳсули дастони пурэъҷози ӯ намоишгоҳҳои ҷашнии ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриро зебу зиннат медиҳад, Ширмо Муъминова мебошад.  Ширмо зодаи диёри зебоманзари Ховалинги бостонист. Дорои маълумоти олӣ мебошад.  Ӯ метавонист аз пайи касби андухтааш рӯзгорашро пеш барад, вале дилбохтагӣ ба касби чеварӣ панди падару модар.

Ҳунар омӯз, ки аз ҳунармандӣ,  Даркушоӣ кунӣ на дарбандӣ, -   ӯро ба дигар роҳ, бо роҳи эҷод, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бурд.  Имрӯз ӯ аз аз роҳи интихобнамудааш қаноатманд аст. Зеро ин роҳ ӯро ба кӯи мурод расонид. Ба ӯ обрӯ овард. Аз ҳама муҳим ӯ метавонад ҳамарӯза кори корафтодаеро иҷро намояд ва ӯро хурсанд намояд.

Ӯ тавонист мактаби ҳунарии худро таъсис диҳад ва ба онҳое, ки хоҳиши ҳунаромӯзӣ доранд, дарс диҳад. Шогирдоне, ки аз мактаби ҳунарии ӯ гузаштаанд, хеле зиёданд ва ҳоло зиёда аз 25 нафар духтарону бонувон таҳти роҳбарии ӯ ҳамарӯза дар соатҳои муайян ба дӯзандагӣ машғул мешаванд.

 Номгӯӣ маҳсули дасти ин зани ҳунарманд аз чодар, болишт, тоқӣ, куртаи чакан, рӯмол, либоси арӯсӣ, қаламарезгӣ, бофандагӣ ва дигарҳо иборат буда, ҳар кадом бо нархи муайян ба харидорон фурӯхта мешаванд. 

Ширмо азм дорад, ки дар маркази ноҳия мағозаи шахсии худро ҷиҳати ба мардум муаррифӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсули дастони худу шогирдонаш кушояд.  Мо ба ин ҳунарманди нотакрор дар амалӣ шудани ниятҳои некаш барору комёбиҳо орзу менамоем.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg