БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ ХУД САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕНАМОЯНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  бо татбиқи Аксияи таблиғотии “хона бо хона” ба    сокинони деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шукнов  ҷиҳати  истифодаи самараноки замин  суҳбат доир намуда, ба онҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамчунин дар суҳбатҳои доирнамуда талаботи гигиенаи шахсӣ  ҷиҳати   пешгирӣ аз  бемории коронавирус фаҳмонида шуд.

Иштирокдорони суҳбат, ки бештар аз 76 нафар буданд, дар бораи  дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани зиёда аз як ҳосил маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg