БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак  аз ҳавзаи интихоботии №1 Хоҷаев Мансур  дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ба якчанд нафар шахсони маъюбу оилаҳои ниёзманд кумаки хайриявӣ расонида шуд.

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус CVID-19 аз ҷониби вакил ба  50 нафар калонсолон ва оилаҳои ниёзманд зиёда аз 150 адад ниқобҳои тиббӣ, 150 адад маводҳои антисептикӣ, маводҳои доруворӣ ва маводи хӯрока кумак расонида шуд.

Зимни тақсим намудани маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ Мансур Хоҷаев    таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  ҳар яки моро зарур аст  тавсияҳои табибонро сармашқи кори худ намуда, сараввал ҳолатҳои беҳдоштиро хуб нигоҳ дошта, гигиенаи шахсиро риоя карда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Чун саломатии инсон ганҷи бебаҳост моро зарур аст ин неъмати Худододиро эҳтиёт намоем. Вобаста ба пешгирӣ ва мубориза зидди ин беморӣ ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамарӯза кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, ба онҳо  варақаҳои иттилоотӣ, муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуда истодаанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg