НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди минтақаи манзилии №1-и шаҳр бо усули «хона ба хона» баҳри пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус (СОVID-19) ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад, аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.
Ҳамзамон, ба сокинони кӯча оид ба истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд дода шуд.