ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади нест кардани ангезандаҳои беморҳои сироятӣ кормандони Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии шаҳри Левакант ба корҳои поксозӣ идома доданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Маркази назоратии давлатии санитарии эпидемиологии шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти Гулистон шаҳр, ҳудуди хонаҳои истиқоматии деҳаи мазкур бо истифода аз дорупошакҳои дастӣ ва маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.