ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳаллаи ба номи Ҷ. Саттори Ҷамоати шаҳрки Ҳулбук оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД – 19 миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба сокинон ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад. Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.
Ҳамзамон, ба сокинони кӯча оид ба истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд дода шуд.