ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба роҳҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, ҳамчунин истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт бо сокинони маҳаллаи ба номи А.Қараеви Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук чорабинии ҳизбӣ баргузор намуданд.
Ба сокинони маҳалла роҳҳои пешгирии бемории коронавирус, қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доштанро фаҳмонида, барои иҷро варақаҳои тавсиявӣ тақсим намуданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бештар гигиенаи шахсиро риоя намуда, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва ба ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат роҳ надиҳанд.