Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Баҳри ҳифзи солимии ҷомеа Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваста ба корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 вусъат бахшида, бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо доир намуда истодааст.
Ташвиқу тарғибот бо усули “хона ба хона” тавассути тақсимоти варақаҳои тарғиботӣ ва ба мардум фаҳмонидани истифодаи ниқоби ҳимоявӣ, риояи қоидаҳои беҳдошти гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи байниҳамдигарӣ гузаронида шуда, дар чорабинии мазкур Содиқова Меҳрубону муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро ба сокинон таъкид намуда, ёдрас шуд. Инчунин, дар идомаи чорабинӣ оид ба истифода намудани ҳар порча замин тавсияҳо пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он ба манфиати халқ мебошад.