Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати ба сокинон фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории каронавирус, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» вохӯриҳо баргузор намуданд. Масъулин зимни суҳбат таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон риоя намоянд, ҳангоми зарурати ба кӯча баромадан ҳатман ниқоби ттиббӣ дошта бошанд. Барои огоҳ шудан ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ ва муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим карда, ёдовар намуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, аз иштирок дар чойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар идома истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзӣ, вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва ташкили кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба дарки ҳамагон расонида шуд. Дар навбати худ сокинон аз андешарониҳои судманд таассуроти нек бардошта, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлтро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода хоҳанд бурд.