Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ибтидоӣ аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию бунёдкориро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани симои деҳаю маҳаллаҳои ҳамарӯза ба роҳ монда истодаанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтару хушнамо шудан ва таъмини ҳолати санитарию гигении маҳал бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, ду тарафи шоҳроҳи даромади ноҳия аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуд.
Бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша вобаста ба иҷрои иқдоми пешгирифтаи вилояти Хатлон таҳти унвони «Соли равшаннокии маҳал» бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ Тоҷикистон аз маркази ноҳия то бинои хуштарҳу замонвии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 ба масофаи зиёда аз 3 километр чароғон карда шуд, ки симои маркази ноҳияро боз ҳам зеботар намуд. Рафти корҳои ободонӣ, ороиш ва сафолакпӯш намудани роҳҳои пиёдагарди кӯчаҳо идома доранд.