ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг мунтазам ба заминистифодабарандагон бо усули "хона ба хона" суҳбат гузаронида, ба онҳо ҷиҳати нигоҳубин ва обу ғизодиҳӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Бо мақсади бо мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил чунин вохӯрию суҳбат бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар кӯчаи ба номи Сафар Амиршоеви Ҷамоати шаҳраки Ховалинг гузаронида шуд. Ҳамаи 98 нафар соҳибони манзилҳо аз суҳбатҳои гузаронида ҷиҳати нигоҳубин ва ғизодиҳии маҳсулотҳо маълумот пайдо намуданд.
Бошандагони кӯча дар суҳбат мақсади худро оид ба рӯёнидани ҳосили баланд баён доштанд.