БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ НЕКУ ШОИСТАИ ВАКИЛ НИСБАТИ ШАХСОНИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аксар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг  дар асосии сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомаль Раҳмон даст ба кори хайру савоб зада,  ятимону бепарасторон ва дигар шахсони муҳтоҷи ёриро дастгирӣ менамоянд.  Амали хайри анҷомдодаи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 30 Ҷумъахон Қосимов шоистаи ситоиш ва  боиси дастгирист. Мавсуф ба як оилаи бесаробонмонда кумаки яквақтаина расонида, дастгирии доимии онҳоро пурра ба зимма гирифтааст. Дар баробари ин шахси  ҳимматбаланд ба даҳ оилаи дигар ба маблағи то 300 сомонӣ маводи хӯрока кӯмак намуд.

Кӯмакҳои моддии вакил аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба эҳтиёҷмандон дастрас карда шуд.

Ин марди хайрхоҳ азм дорад, ки дар арафаи санаҳои муборак минбаъд ҳам  ба табақаи ниёзманди аҳолӣ – ятимон ва дигар одамони муҳтоҷи ёрӣ  кумаки амалии худро расонад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg