ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” бо сокинони кӯча, маҳалла ва деҳаҳои ноҳия пайваста суҳбатҳо доир менамоянд.
Чунин суҳбати судманд бо усули “хона хона” ба сокинон дар деҳаи Сафедшаҳраки Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 77 нафар соҳибхонаҳо иштирок намуданд. Дар баромади таблиғотчиён қайд гардид, ки бо паст шудани шиддати бемории Ковид – 19 мардум нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда, дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гашту гузор намуда, тавсияи мутахассисонро ҷиҳати бо даст ва оғӯш кашида салом накардан, ҳангоми суҳбат масофаи байни якдигарро, ки 2 метр тавсия дода мешавад, риоя наменамоянд. Ба соҳибхонаҳо фаҳмонида шуд, ки сарчашмаи саломатӣ ин риояи талаботҳои беҳдоштӣ мебошад ва онро бояд қатъӣ риоя намоянд.