БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШТИ ТАКРОРӢ БОСУРЪАТ ПЕШ МЕРАВАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади фаҳмонидани моҳияти истифодабарии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷамоати деҳоти Дарқад бо роҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки дар марҳилаи кунунии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини аҳолӣ  бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем”.

Ҳамзамон, дар назди роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ якчанд вазифаҳо, аз қабили офаридани навъу дурагаҳои серҳосили зироатҳо, дарахтони мевадиҳандаи ток, коркарди технологияи самараноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ, усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва пешгирии он аз таназзулёбӣ ва шӯршавӣ гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg