БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОЯИ ДАВЛАТ НАБОШАД БЕ МАОРИФ УСТУВОР

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!".   Мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо кормандони техникии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Давлатшоёни Ҷамоати деҳоти Кангурт баргузор гардид.

Дар мулоқот, масъулин нисбати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқи  замин,  вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ибрози сухан карданд.

Имрӯзҳо дар тамоми муссисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик барои шароити хуби таълимӣ фароҳам овардани кӯдакону наврасон ва ҷавонон корҳои созандагиву ободкорӣ рафта истодааст.  Корҳои созандагиву таъмирӣ дар муассисаи таълимии болозикр бо маром идома ёфта истодааст, ки дар ин амали созанда саҳми аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Давлатшоён"  басо  арзанда  аст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg