ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант дар биноҳои баландошёнаи кӯчаи ба номи Лоҳутӣ бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин аз наздик ба 57 хонаводаи биноҳои баландошёнаи Лоҳутӣ боздид намуда, дар суҳбат бо сокинон зарурати риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ, шустани дастон мунтазам бо собун ва истифода намудани маҳлулҳои антисептикӣ ва захираи мавдҳои ғизоиро таъкид карданд.
Дар рафти вохӯриҳо ба сокинон зиёда аз 228 адад варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардид.