Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Беморхонаи Ҷамоати шаҳраки Балх доир гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Алиев Зафар иброз дошт, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус, ки он ба яке аз мушкилоти умдаи соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст, бояд кормандони соҳаи тиб ва ҳам шаҳрвандон дар бораи сирояти мазкур маълумоти кофӣ дошта бошанд, зеро доштани маълумоти кофӣ оид ба сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус метавонад шаҳрвандонро аз гирифторшавӣ ба он эмин нигоҳ дорад. Дар тамоми ҷаҳон паҳншавии коронавирус хусусияти глобалӣ касб намуда истодааст ва барои коҳиш додани он корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр кардан лозим аст.