БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕАҲАМИЯТ НАБОШ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Қодир Зоидов” –и Ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷиҳати расонидани маълумот ба шаҳрвандон оид ба дуруст истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, бе асос ва бе зарурият набаромадан аз хона аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Бо вуҷуди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ рӯй ба коҳиш оварда истода бошад ҳам, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки ба бепарвогӣ ва беаҳмиятӣ роҳ надиҳанд.

Аз он ҷумла, ба ҳамаи шаҳрвандон муроҷиатномаҳо, ниқобҳои тиббӣ  тақсим карда шуда, аз ин амали нек сокинон хушнуд шуда, изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg