ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо, ки ҷаҳонро паҳншавӣ ва хатари сироятёбӣ аз бемории коронавирус фаро гирифтаву ин вабо ҷаҳонгир шудааст, дар қатори дигар минтақаҳои сайёра Тоҷикистони азизи мо низ аз ин вабо орӣ нест. Имрӯз табибони ҳозиқ, фидоиёни роҳи миллат, пойбанд ба қасами хеш устувор гардида, ҷони хешро ба хатар гузошта, ҳазорон нафарро табобат ва муолиҷа месозанд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо дастгирии соҳибкорони муваффақу ватандори ноҳия ба як нафар фарроши шуъбаи бемориҳои сироятӣ, ки айни замон ба бемории коронавирус гирифтор аст, маводҳои хӯрока кумак расонида шуд. Иқдоми мазкур пайваста амалӣ карда мешавад.