ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки фаъолонаи гурӯҳи волонтёрони ҲХДТ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус Аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст” дар дар ҷойҳои сераҳолӣ мунтазам доир карда мешавад.
Дар рафти Аксияи таблиғотӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ ва волонтёрон аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки бобати пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, гигиенаи шахсиро ҳатман риоя намоянд.