БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони соҳибистиқлоли кишвар накӯиқболанд

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Қасри фарҳанги шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони  «Занони соҳибистиқлоли кишвар накӯиқболанд»-ро  баргузор карданд.

Дар чорабинии мазкур занони рӯзгордидаву омӯзгорони собиқадор иштирок дошта, аз фаъолияти корӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, кадбонугӣ, ҳунармандии худ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, онҳо зимни суҳбат оид ба нақши зан-модар дар таълиму тарбияи фарзанд, мақоми зан дар ҷомеа ва як қатор масъалаҳои дигар суханронӣ карданд.

Назарова Фароғат зимни суханронии худ, иброз дошт, ки зан-модар аввалин устоди худшиносӣ, истиқлолхоҳию ватандорист. Зан ҳидоятгари инсон ба ҳаёти мустақил ва ба озодии андешаю афкор асту таҳрикдиҳандаи ҷомеа ба сулҳу осоиш. Зан-модар ҳомии хона, фароҳамсози гармӣ дар  муносибати аъзои хонавода, кафили оромишу созандагии муҳити оила аст.

Бинобар ин, занро метавон раҳнамунсоз, таҳкимбахш ва ҳомии сулҳу Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номид.

Ҳамзамон, Бобоҷонова Гулҷаҳон қайд намуд, ки боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домони муҳаббати поку боиффати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба мардум дуо додааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg