ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омма аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус барои беҳдошти саломатии худ ва наздикон, инчунин барои самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишти такрорӣ суҳбатҳо дар деҳаи Олимобод гузаронида шуда, ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд. Дар суҳбат қайд гардид, ки бе ниқоб дар кӯчаҳо гаштугузор накунанд ва қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд, чунки ҳифзи саломатӣ аз тозагии худи шахс вобастагӣ дорад.