ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара миёни сокинони Ҷамоати деҳоти Оқсу, деҳаи Маликова оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Масъулин ба сокинон оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ, худдорӣ намудан аз ҷойҳои серодам, бе зарурат набаромадан аз хонаҳои истиқоматӣ тавсияҳо доданд. Дар охир ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.