ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Қайнари Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба шаҳрвандоне, ки талаботҳои гигиенаи шахсиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавиии бемории сироятии коронавирус риоя накарда, ба кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баромада, сайругашт менамоянд, суҳбат намуда, ин амали хато ва зарароварашонро ба онҳо фаҳмонданд.
Ҳамчунин, масъулин ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ доир ба пешигирии бемории коронавирус дастрас гардида, таъкид карда шуд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва ба даст овардани фоидаи зиёдтар аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ягон ваҷаб заминро бекор намонем.