
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов бо усули “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида истодаанд.
Дар суҳбат масъулин доир ба масъалаҳои болозикр андешаронӣ карда, афзуданд, ки меҳнати софдилона дар замин ба хонадони ҳар як шахс файзу баракат оварда, бо ба даст овардани ҳосили фаровон аз замин сатҳи некӯаҳволӣ баланд мегардад. Сипас, ба ҳар як шаҳрванд варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуда, бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус таъкид карда шуд.