ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба роҳҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, ҳамчунин истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт бо сокинони деҳаи Заркорон чорабинии ҳизбӣ баргузор намуданд.
Масъулин зимни суӽбат қайд карданд, ки барои таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, кишти корӣ такрориро ба роҳ монанд ва ҳосили фаровон ба даст оваранд, наздикони худ ва дигаронро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.
Дар фарҷоми суҳбат масъулин ба сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.