ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” бо сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов суҳбатҳо доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин бо сули «хона ба хона» ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории каронавирусро фаҳмонида, барои пешгирии беморӣ варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуда, ёдовар шуданд, ки агар таби баланд, сулфа, душворшавии нафаскаширо дар худ мушоҳида намоянд, ҳатман аз ниқоби яккарата истифода бурда, ба духтурон муроҷиат намоянд.