БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ХУДРО МУҲОФИЗАТ НАМО!

ВОСЕЪ. дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани хатару оқибатҳои бемории коронавирус, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Навкорами Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов корҳои фаҳмонидадиҳиро бо усули “хона ба хона ”  гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур масъулин бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақсим карда, ҳамчунин атрофи масъалаи дар боло зикршуда суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳангоми сулфидан ё атса задан даҳону бинии худро бо рӯймолча пӯшонанд, баъди анҷоми ин амал фавран рӯймолчаро партоянд, дастонро бо собун шӯянд ва ҳангоми нафаскашӣ даҳон ва бинии худро бо ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg