БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии Covid-19 аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, риояи фосилавии муошират, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ ва бе зарурат ба кӯча набаромаданро ба сокинон фаҳмонида, қайд карданд, ки сокинон бояд амиқан дарк намоянд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз беморӣ ин риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бо худ доштани ниқобҳои ҳимоятӣ мебошад.