Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи коронавирус ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия бо аъзову кормандон вохӯриҳои фосилавӣ анҷом дода, онҳоро баҳри беҳдошти ҳифзи саломатии ҷамъиятиву шахсӣ ва истифода аз тавсияи табибону ба таҳлука наафтоданро таъкид намуданд.
Иштирокдорон аз суҳбату вохӯриҳои баргузорнамудаи кормандони масъули ҳизбӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри паст ва нест кардани ин вабои марговар ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳанд намуд.