ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Меҳргон”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида,, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ тақсим карданд. Инчунин, ба сокинон оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ тавсияҳо дода шуд.