БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС ВА ЗАХИРАИ МАВОДИ ҒИЗОӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар раванди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ҳизбиён аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сараввал бо кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия вохӯрӣ гузаронида, масъалаҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятиро бо онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд. Масъулин ба иштирокдорон ниқобҳои тиббӣ тақсим намуда, барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, нигоҳ доштани саломатии худ ва наздиконашон ба онҳо дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Баъдан ҳизбиён бо сокинони кӯчаи Крупскаяи шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо  усули “хона ба хона” мулоқотҳо доир намуда, барои муқовимат бо пандемияи “Covid - 19” бо онҳо суҳбатҳо гузарониданд. Аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд, масофаи иҷтимоиро риоя намуда, хонаву манзил ва кӯчаю маҳалларо тоза нигоҳ дошта, бо хлор ва дигар маводи зидди эпидемиологӣ безарар гардонанд.

Дар ин раванд ҳизбиён бо ҳолати кишти заминҳои шаҳрвандон шинос гардида, барои самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин, сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистон тариқи консервакунонии меваҷоту сабзавот ба аҳолӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид манзур намуданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg