БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН ДАР МУҚОВИМАТ БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чун ҳамарӯза бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, як зумра тавсияву пешниҳодҳо манзур намуданд.

Аз ҷумла, ба сокинон таъкид карданд, ки барои нигоҳ доштани саломатии худ ва наздикони худ ҳангоми аз хона баромадан ҳатман ниқобҳои тиббӣ пӯшанд, тез-тез дастонро бо собун шӯянд, мунтазам аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд, манзили истиқоматӣ ва ҳавлию маҳаллаҳои худро бо маводи хлордор ва дигар маводҳои зиддиэпидемиявӣ безарар гардонанд. Инчунин, барои пешгирии аз сироятёбии ин вабои аср аз ҷамъомадҳои серодам худдорӣ намуда, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд. Оид ба ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ диққати махсус дода, дар муқовимати дастаҷамъона бо бемории сироятии коронавирус мусоидат намоянд.

Дар рафти мулоқотҳо намояндагон дар баробари корҳои таблиғотӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикии аз ҷониби шахсони эҳсонкор дастрасгардидаро тақсим карданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg