ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои варзишӣ бахшида ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази ноҳия бо маром идома доранд, шинос шуданд.
Масъулин дар рафти вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сохтмончиён, ки дар ин ободониҳо саҳми арзанда доранд, суҳбат гузаронида, иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созандагию ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар додаанд, имрӯз барномаи амали ҳар фарди бонангу ори ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Гузашта аз ин қайд карда мешавад, ки яке аз ин соҳибкорон Сабуров Қудратуло мебошад, ки дар маркази шаҳрак иншооти варзиширо, аз қабили майдончаи волейбол, тенниси рӯи мизӣ, майдончаи варзишии тобистона, толори варзишӣ барои тамрини гӯштини миллӣ, таэквандо, варзиши намуди ҷанги тан ба тан, мағозаи фурӯши молҳои варзишӣ ва ғайра сохтмон намуда истодааст, ки аз ин номгӯи иншоотҳо аксарияташ ба истифода дода шудааст. Дар толори варзишӣ бошад, иншооти гигиенӣ ва ҳаммом ҷой карда шудааст.