Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Қора Камар тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳия намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда истодаанд.
Ҷиҳати ба сокинон фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории каронавирус гурӯҳи корӣ бо усули « хона ба хона» ва дар саҳроҳо вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷрои варақаҳои тавсиявӣ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ -ро тақсим намуданд.